Вазорати маориф ғолибони олимпиадаи байналмилалиро қадрдонӣ кард
Вазорати маорифи Тоҷикистон хонандаҳоеро, ки дар олимпиадаи шаҳри Вашингтони Амрико ғолиб омаданд, қадрдонӣ намуд.
Маҳмудхон Шоев, сухангӯйи вазорат зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, дар мулоқот ҷонишини аввали вазири маорифи Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов аз аҳамияти олимпиадаҳо сухан карда, таъкид сохт, ки вазорат ба эҳё кардани ҳаракати олимпӣ ва навъҳои дигари олимпиадаҳо дар кишвар сайъ мекунад. Ба иттиллои манбаъ, баъдан Шокирҷон Гадоев, директори Маркази кор бо мактаббачагони шоистаи ҷумҳурӣ, ба тақвияти гуфтаҳои Фарҳод Раҳимов изҳор дошт, ки агар соли 2008 хонандаҳои лаёқатманди тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 42 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ оварда бошанд, имсол то 1-уми август теъдоди онҳо ба 121 расидааст- 21 нишони тилло, 40 нуқра ва 60 медали биринҷӣ.
Манбаъ инчунин афзуд, дар ҷамъомад зикр шуд, ки иштироки толибилмони мо дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ барои шинохти истеъдодҳо аҳамияти воқеан ҳам калон дорад. Дар ҷамъбасти маҷлис муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов тӯҳфаҳои хотиравиро ба ғолибони олимпиадаҳо супурд.
Ёдовар мешавем, дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки аз 21-ум то 30-юми июл дар ИМА сурат пазируфт, аз фанни химия хонандаҳои литсейи муштараки туркӣ-тоҷикии ба номи Ҳоҷӣ Камол – Улуғбек Баротов медали тилло, Маъруф Болтабоев ва Хомидхоҷа Холиқов медалҳои биринҷӣ ба даст овардаанд.
Сухангӯйи Вазорати маориф афзуд, ба хонандаҳои литсейи муштараки Тоҷикистон ва Русия- «Ҳотам ва ПВ», ки аз олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика (Аргентина) 3 медали бириҷӣ, аз олимпиадаи фанни физика (Ҷумҳурии Эстония) як нишони биринҷӣ оварданд, низ тӯҳфаҳо дода шуд.