Давоми як ҳафтаи моҳи Шарифи Рамазон (аз 28.07 то 4.08) дар бозорҳои шаҳри Душанбе нисбат ба 97 тоҷир барои беасос баланд бардоштани нарх ва бе ҳуҷҷатҳои лозима фаъолият намудан парванда боз кардаанд.
Юсуф Нуралиев, муовини сардори шӯъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии раёсати Вазорати корҳои дохила ба хабаргузории Озодагон гуфт, теъдоди ин гурӯҳи тоҷирон бештар аст, вале феълан танҳо дар нисбати 97 кас парванда тартиб дода шудааст. Бино ба маълумоти Юсуф Нуралиев тоҷироне, ки арзиши маҳсулотро беасос баланд бардоштаанд, асосан савдогарони бозорҳои «Саховат», «Деқонбозор», бозори «Маршал», «Фаровон» бозори «Роҳи оҳан» ва «Варзоб» будаанд. Нисбат ба онҳо тибқи моддаҳои 555 (беасос баланд бардоштани нарх) ва 617 (амалҳои миёнарвӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парванда тартиб дода шудааст: «Нафароне ҳастанд, ки миёнаравӣ карда, молро аз ҳар ҷо меоранд ё аз деҳқон нархи бозор қати мехарад, вале на патент доранду на иҷозатнома, боз арзиши маҳсулотро баланд карда мефурӯшанд». Номбурда таъкид кард, ки парвандаҳоро нисбат ба ин қабил тоҷирон рӯзҳои наздик ба мақомоти дахлдор мефиристанд.
Лозим ба ёдоварист, тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе дар моҳи Шарифи Рамазон номгӯи 12 намуд маҳсулоти ниёзи аввалаи мардум бояд дар бозорҳои пойтахт нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шавад. Вале масъулини РВКД-и шаҳри Душанбе мегӯянд, иддае аз тоҷирони бозорҳои пойтахт бархе аз ин маҳсулотро бо арзиши баланд ба савдо мезананд.