Содироти ғайрирасмӣ аз Тоҷикистон баробари содироти расмӣ омадааст
Содироти ғайрирасмии молҳои чинӣ тавассути ҳудуди Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа қариб баробари ҳаҷми содироти расмии молҳои худи Тоҷикистон шудаст.
Ин нуқта дар шаҳри Душанбе зимни нишаст дар мавзӯи «Равандҳои тиҷорати хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна» таъкид шуд.
Роман Могилевский, пажӯҳишгари донишгоҳи Осиёи Миёна, мегӯяд Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми содироти ғайрирасмии молҳои чинӣ миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ба яке аз пешсафон мубаддал гардидааст. Могилевский ҳаҷми содироти ғайрирасмии молҳои чиниро аз Тоҷикистон дар соли 2010 –ум тақрибан 710 миллион доллари амрикоӣ гуфт, ки баробари 70 фоизи содироти расмии Тоҷикистон аст. Саҳми содироти ғайрирасмии молҳои чинӣ соли 2011 –ум ба гуфтаи Могилевский боз бештар шудаст.
Тоҷикистон бо вуҷуди афзоиши содироти ғайрирасмии молҳои чинӣ, ҳамоно аз Қирғизистон қафо меистад. Асосан тавассути Қирғизистон ва баъдан Тоҷикистон молҳои чинӣ ба Қазоқистон, Афғонистон, Ӯзбакистон, Русия ва дигар кишварҳо содир мешаванд.
Могилевский ҳаҷми тиҷорати ғайрирасмии молу маҳсулоти чиниро тавассути Тоҷикистону Қирғизистон хеле бузург гуфта, таъкид кард, ки он асосан маҳсулоти саноати сабук ва молҳои дигари гуногунро фаро мегирад.
Роман Могилевский ҷанбаи манфии ин равандро дар он гуфт, ки дар паи воридоту содироти ғайрирасмии молҳои чинӣ буҷети Тоҷикистону Қирғизистон маблағҳои ҳангуфтро аз даст дода истодаанд. Аммо ҷорӣ намудани риояи қонуниятро дар ин бахш вай аз як ҷониб зараровар медонад.
Могилевский мегӯяд ба шарофати тиҷорати ғайрирасмӣ мардум ба молу маҳсулоти арзон дастрасӣ доранд. Дар сурати гузаштан аз расмиёти гумрукӣ арзиши ин молҳо қимматтар меафтад, ки ин ба фоидаи мардуми камбизоат нест.