Кӯлоб: Боздошти аграном бо 63кило маводи мухадир
Зимни амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухадирот дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, дар пайи амалиёти мазкур Қурбон Нуриддинови 53 сола, сокини деҳаи Асораки ноҳияи Шӯрообод, агрономи хоҷагии ҷангали ноҳияи Шӯрообод ва Тоҷиддини 43 сола, сокини деҳаи Кишти ҳамин ноҳия, бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир карда шуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 5-адад борхалта, ки дар дохилашон 63 килою 245 грамм маводи нашъадори «бангдона» буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, татфиш идома дорад.