Узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар пайи як суиқасд кушта шуд
Дар музофоти Таҳори Афғонистон дар пайи як ҳамла чанд мақоми баландпоя ба ҳалокат расид.
Тибқи иттилои расида, мошине, ки дар он Абдул Азиз, роҳбари маъмурияти яке аз навоҳии Таҳор, Ҳоҷӣ Ҳошим, узви Шӯрои олии сулҳ ва се тани дигар ҳузур доштанд, дар мин бархӯрда мунфаҷир шуд. Онҳо қасди сафар ба маркази вилоят-шаҳри Толиконро доштаанд. Мақомоти маҳаллӣ дар ин амал толибонро гунаҳкор медонанд.
Имрӯз ҳамчунин дар музофоти Таҳор ба корвони мошинҳое, ки роҳбари пулиси маҳаллӣ ва дигар аъзои мақомоти ҳокимияти маҳаллиро мебурд, ҳамла сурат гирифтааст. Ҳамлаварон баъди тирандозӣ аз ҷои ҳодиса паноҳ бурдаанд. Дар пайи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд нарасидааст.