Дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии МН баргузор мешавад
Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи гузашта амрашро ба имзо расонид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, президент мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Тоҷикистон фармонро оид ба даъвати иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонид, ки мувофиқи он иҷлосияи мазкур 5 сентябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Гуфтанист, ба баррасии иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.