Замини ЖБК-6-ро фурӯхту боздошт шуд
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни амалиёти махсус ошкор кардаанд, ки дар пойтахт бидуни асноди зарурӣ ва дар заминҳои корхонаҳои фонди давлатӣ манзили зист бунёд гардидааст.
Тавре ба Озодагоназ ВКД хабар доданд, дар пайи ин амалиёт шаҳрвандон Муҳаббатхон Тешабоева 55 –сола ва писараш Алишер Тешабоеви 25- сола, сокинони кӯчаи Маяковский, шаҳри Душанбе дастгир карда шуданд.
Манбаъ афзуд, ки онҳо моҳи декабри соли 2011 дар қисмати шимолу шарқии заводи «ЖБК-6», воқеъ дар кӯчаи Гастелло бо роҳи фиреб ба боварии Хайрулло Ашӯров, сокини кӯчаи Н.Қарабоев даромада, аз ӯ 32.200 доллари амрикоӣ гирифта, ба ивази пул дар заводи «ЖБК-6» 0,08 сотих заминро фурӯхтаанд. Ӯ дар он ҷо хонаи истиқоматӣ сохтааст ва онҳо ваъда додаанд, ки ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳанд, аммо то ҳол ин корро анҷом надодаанд.
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.