SOS: Дар Хоруғ 7 нафар ба касалии домана гирифтор шудаанд
Ин сокинон бо нишонаҳои бемории мазкур дар касалхонаи шаҳр бистарӣ гардидаанд.
Дар ин бора ба расонаҳо аз касалхонаи ин шаҳр иттилоъ додаанд. Ба гуфтаи яке аз пизишкони шаҳр, бештари ин беморон аз ҷумлаи сокинони минтақаи мавсум ба “Шарифстройи”-и шаҳр будаанд. Ин духтур, ки ба баҳонаи надоштани салоҳият барои ироаи ин иттилоот аз гирифтани номаш худдорӣ кардааст, ба Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст: “Мо низ субҳ дар мавриди ин масъала ҷаласа гирифтем. Ва маркази саломати шаҳрӣ, бар асоси амри раёсати тандурусӣ барои пешгирӣ ва дарёфти тифи шикам (домана) фаъолиятҳоеро амалӣ мекунем. То ҳол бештари афроде, ки нишонаҳои монанд ба тифро доранд, аз ҷумлаи сокинони маҳалли “Шарифстрой” ва минтақаи шаҳрии наздики ба бемористон ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини ҳукумати Бадахшон бурузи бемории домана дар миёни сокинони шаҳр ва нерӯҳои низомии эъзомшуда ба шаҳри Хоруғро такзиб карданд. Раҳмони Гулзор, сухангӯйи ҳукумати вилояти Бадахшон, рӯзи чаҳоршанбеи 15 август, дар сӯҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки пизишкони вилоят муввазаф шудаанд, ки дар муддати кӯтоҳ ташхиси хуни беморонро гузаронанд ва чи навъи беморӣ будани онҳоро мушаххас кунанд.Оқои Гулзор афзуд: “То ҳол иддае аз сокинон дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Вале духтурон (пизишкон) комилан муъайян накардаанд, ки ин беморӣ сад дар сад домана ҳаст. Имрӯз соъати 15:00 вақти маҳаллӣ масъулони ситоди вижа, ки ба он кормандони тиб, кормандони арсаи беҳдорӣ ва намояндагони хадамоти манзили шаҳри Хоруғ шомил ҳастанд, дар чаласае гирдиҳам меоянд ва масъалаи мавҷударо баррасӣ мекунанд.”