Бознашри китоби адиби тоҷик дар Эрон
««Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский», бо чунин ном дар Теҳрон китоби яке аз адибони шинохтаи тоҷик Валӣ Самад бознашр шуд.
Китоби мазкур аз 11 боб иборат буда, дар он лаҳзаҳои хотирмон аз ҳаёти донишманди рус Чернишевский, чӣ гуна ба адабиёти форс рӯ овардани ӯ, Фирдавсӣ аз нигоҳи Чернишевский хеле хуб нақл карда шудааст. Ҳамин тариқ, дар ин китоб гуфта шудааст, ки хирмани дониш, ишқи сӯзони ватан ва дар ниҳоят кӯҳи андӯҳ аз бадбахтии миллати рус Чернишевскийро аз ҷавонӣ ба роҳи мубориза кашонд ва шарбату заҳри дарди ватан, ишқ ба озодиву истиқлоли ватанро Чернишевский аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ нӯши ҷон кард.
Маврид ба ёдоварист, ки китоби мазкур пас аз нашри аввалаш дар Теҳрон дар қатори «Китоби сол»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон шинохта шуд ва аз нодир навиштаҳои адибони тоҷик аст, ки дар кишвари ҳамзабони мо чунин қадршиносӣ ва истиқболи шоиста дошт.