М. Убайдуллоев: «Ин мафкураро, ки ман аз фалон ҷову ту аз фалон ҷоем, аз сари худ дур кунед»
Мири пойтахт дар ин бора имрӯз, 23-юми август аснои мулоқоташ бо Фейсбукиён ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ иброз дошт.
Зимнан, ӯ ба ягонагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон ва муносибати баробар бо ҳамаи тоҷикистониён таъкид карда афзуд: «Ҳамаи мо тоҷикистонӣ ҳастем. Ин мафкураро, ки ман аз фалон ҷову ту аз фалон ҷоем, аз сари худ дур кунед. Мо кишваре ягона дорем ва ҳамаи мо тоҷикистонӣ ҳастем. Мо ба ҳуқуқи ҳамаи афроде, ки дар ин сарзамин сукунат доранд, эҳтиром мегузорем. То замоне ки ҳамаи мо худро тоҷикистонӣ намешумарем, мушкил хоҳем дошт."
Ин мулоқот, ки субҳи имрӯз дар Душанбе оғоз гардид, беш аз панҷ соат идома кард. Аснои вохӯрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи рушди бахшҳои марбутаи иқтисоду иҷтимои пойтахт маълумот дода, ба суолу дархостҳои иштирокчиён посухи мусбат дод.
Маврид ба ёдоварист, шаҳрдори Душанбе, ки ҳамзамон вазифаи райисии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро ба зимма дорад, аз нахустин мансабдорони баланмақоми тоҷик аст, ки саҳифаи инфиродиашро дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» боз карда, робитаи мустақимро бо истифодабарандагони интернет ба роҳ мондааст.
Ҳамчунин, сайти марбут ба фаъолияти шаҳрдорӣ таҳти нишонии www. mometavonem.tj шабонарӯзӣ фаъол аст ва сокинони пойтахт имкон доранд, назару андешаи худро оид ба кору мушкилоти ҳамарӯзаи худ дар ин сомона ҷо диҳанд