Кабирӣ: ҲНИТ ҷонибдори роҳи ҳалли мусолиматомези қазия мебошад
Райиси ҲНИТ ва масъулини ин ташкилоти сиёсӣ ахиран дар Душанбе бо Антҷе Линдертсе, роҳбари бахши Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказии вазорати хориҷаи Олмон ва Ҳейнер Ҳорстейн,сафири Олмон дар Тоҷикистон мулоқот доштанд.
Тавре аз дастгоҳи марказии ин ҳизб ба Озодагон иттилоъ доданд, нишасти мазкур дар дафтари ҲНИТ сурат пазируфта, зимни мулоқот масоили марбут ба вазъияти кунунии минтақа, Тоҷикистон ва Бадахшон баррасӣ гардид.Раҳбари ҲНИТ аз ҳукумати Олмон барои ҳамкорӣ ва кӯмакҳояш ба Тоҷикистон ва инчунин барои муносибати мутавозинаш бо ҳукумат ва аҳзоб изҳори миннатдорӣ карда иброз дошт, ки мавқеъи Олмон дар масъалаи ҳамкории хуб бо ҳукумат ва ҷомеъаи шаҳрвандии кишвари мо мавриди истиқбол мебошад.
Ҳамзамон, Муҳиддин Кабирӣ дар бораи вазъи кунуни Хоруғ-маркази вилояти МКБ мавқеъи ҳизбро баён намуда, онро душвор, вале ҳалшаванда номид. Вай гуфт: "Роҳи ҳал ҳам танҳо дар муколама ва ҳамдигарфаҳмии ҳукумат бо мардум мебошад. Ҳизби мо аз аввал ҷонибдори роҳи ҳалли мусолиматомези ин қазия мебошад ва ба назари мо, ҳалли он танҳо аз тариқи гуфтушунид буд ва ҳаст. Мо қатъиян зидди хушунат ва истифодаи артиш ва умуман силоҳ дар чунин ҳолат ҳастем.»
Райиси ҲНИТ нақши созмонҳои байналмилаллиро дар ҳалли қазия муҳим шуморида, гуфт: «Мо аз ҳама созмонҳои байналмиллалӣва корпусҳои дипломатие, ки дар ҳалли осоиштаи ин қазия дар даври аввали он саҳм гузоштанд, изҳори сипос мекунем. Бовар дорем, ки ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ хоҳони ҳалли ин гуна қазияҳо бо роҳи осоишта мебошанд. Барои мавқеъи дуруст доштани ҷомеъаи ҷаҳонӣ нисбати ингуна масоил бояд шинохти воқеъӣ вуҷуд дошта бошад. Мутаассифона, баъзан дар Ғарб аз вазъияти воқеии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла кишвари мо пурра огоҳ нестанд, ки ин боиси баҳогузориҳои нодуруст мегардад.»