Bloomberg саломатии тоҷикистониёнро бад баҳогузорӣ кардаст
Тоҷикистон аз рӯи вазъи саломатии аҳолиаш миёни 145 кишвари ҷаҳон бо гиритани 38,27 хол дар ҷойи 84 –ум қарор гирифтаст.
Гузориши мазкур аз ҷониби оҷонсии амрикоии Bloomberg таҳия шуда, муаллифони он асосан ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва Бонки ҷаҳонӣ такя карданд. Таҳиягарони гузориш асосан ба давомнокии умри инсон, фавти кӯдакон, сабабҳои марг, фавти гурӯҳҳои гуногуни сину солӣ ва умри миёнаи занону мардони то сини 65 солагиро диққат додаанд. Омилҳое, ки ба мавқеъи мамлакат дар рейтинг таъсир доштаанд, шумораи сигоркашҳо, нӯшидани машруботи спиртӣ, шумораи сокинони аз фарбеҳӣ азият мекашида, гипертония, миқдори беморони ВИЧ-спид, вазъи оби ошомиданӣ, сатҳи эмгузаронии аҳолӣ аз бемории гул, сурхча, гепатити В, сил ва ҳамчунин нишондоди фавти модарон маҳсуб меёбанд. Ба қатори кишварҳои сиҳаттарин Сингапур, Италия ва Австралия ворид шудаанд. Дар рейтинги Bloomberg Сингапур, ки аз 100 имтиёз 89,45 имтиёзро ба даст овардааст, ҷои якумро соҳиб шудаст. Дар ҷойи дуюм Италия ва дар ҷойи сеюм Австралия қарор гирифтаст.