Президенти Тоҷикистон Виктор Януковичро табрик кард
Эмомалӣ Раҳмон унвонии ҳамтои укроини худ барқияи шодбошӣ ба муносибати солгарди истиқлоли Украина ирсол дошт.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар номаи мазкур аз ҷумла омадааст: «Мӯҳтарам Виктор Фёдорович,
Ба муносибати солгарди иди миллии Украина, рӯзи истиқлолият табрикоти самимонаамро бо қаноатмандии зиёд ба Шумо ва ҳамаи халқи Украина ирсол медорам.
Тоҷикистон ба рушди устувори ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Украина аҳамияти бузург дода, ҷонибдори минбаъд ба он бахшидани мазмуни мушаххас аст».
Дар идомаи табрикоти худ Эмомалӣ Раҳмон навиштааст, ки ҳамкориамонро, ки дар анъанаҳои мустаҳками дустӣ ва ҳамкории мутақобилан муфид қарор дорад, бо саъю кӯшишҳои муштарак таҳким мебахшем: «Бовар дорам, ки муносибатҳои байни ҳарду халқу давлатҳоямон ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва назардошти манофеи ҷонибайн такя карда, пайгирона рушду густариш ёфта ва бахшҳои нав ба навро фаро мегиранд».