Талко бо ширкати нафти Туркманбошӣ шартномаи ҳамкорӣ баст
Миёни корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» -Талко ва корхонаи коркарди нафти Туркманбошӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ин созишнома дар доираи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба Туркманистон ба тасвиб расид, ки тибқи он ҳамасола дар ҳаҷми 35 ҳазор тонна кокси нафтӣ бо нархҳои имтиёзӣ ба Талко ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин, мутобиқи супориши сарони давлатҳо ба сохторҳои масъули ду кишвар, минбаъд тарифҳои транзитии роҳи оҳани Туркманистон барои боркашонии Талко бояд сабук карда шавад.
Бо таваҷҷӯҳ бо ҳамкории Талко бо корхонаҳои саноатии Туркманистон ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба ин кишвар дар нимсолаи якуми соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 240% афзоиш ёфтааст.