30 ҳазор сомонии Геннадий Ратушенкоро гирифта бозпас надоданд
Аслан Султонов, як тоҷир аз Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии аккоси машҳур даромада, барои тиҷорат аз ӯ 30 ҳазор сомонӣ гирифта, ғайб задааст.
Зимнан, Генадий Ратушенко аз болои Аслан Султонов ба шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ариза навишта, дар ин бора шикоят кардааст.Дар ҳамин ҳол, аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Аслан Султонов ҳамчун гумонбар ба қаллобӣ дастгир гардида, аъмоли ӯ тафтиш мешавад.
Манбаъ афзуд, чанде пештар Аслан Султонов худро тоҷир муаррифӣ карда, барои дастрас кардани дастрас намудани дастгоҳи чопи сурат дар шиша ва оҳан аз Ратушенко 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст, вале то ин замон на таҷҳизот овардааст ва на пулро баргардонидааст.