Садамаи нақлиётӣ мунҷар ба марги ронандаи 54 сола гардид
Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ нотариуси давлатии идораи нотариалии ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳалокат расид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохила ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, рӯзи гузашта, 29-уми август ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» рақами давлатиаш 7049 АВ 01, Исроил Содиқов аснои ҳаракат аз тарафи Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар километри 141-уми роҳ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба тарафи чапи роҳ баромада, автомашинаро чаппа мекунад. Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ ронанда Исроил Содиқови 54 сола, сокини деҳаи Орҷоникидзеи ноҳияи Фархор, нотариуси давлатии идораи нотариалии ноҳияи Ҳамадонӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.