Бо вуҷуд, ин нарх нисбати нишондоди як сол пеш ҳудуди 250 доллари амрикоӣ арзонтар аст. Афзоиши нархи тилло, ки тавлидоташ солҳои охир дар кишвар рӯй ба афзоиш ниҳодаст ба фоидаи иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ мегардад, зеро аз ҳисоби содироти тилло ва дигар металҳои қимматбаҳо воридоти асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар бештар мегардад.
Айни ҳол тибқи иттилои оморӣ содироти металҳои қимматбаҳо аз кишвар тайи 7 моҳи соли ҷорӣ қариб 30 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми он 46 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Истеҳсоли тилло дар 6 моҳи аввал дар Тоҷикистон 928 килограммро ташкил додаст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7 киллограмм зиёд мебошад. Масъулини саноати Тоҷикистон мегӯянд аз тиллои истеҳсолшуда ҳудуди 60 фоиз дар дохил ва боқимонда ба хориҷ содир мегардад. Дар Тоҷикистон харидорони асосии тилло ҳамоно Бонки миллӣ ва вазорати молияи кишвар арзёбӣ мешаванд.