Ду садама боиси марги ду нафар гардид
Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз дафтари матбуотии РБДА иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 9-уми сентябр, ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЕУ-Леганзе» рақами давлатиаш 03-61 АК 01, Акбарҷон Ҳасанови 22- сола, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Роҳатӣ, деҳаи Хокалӣ, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ҷамоати Теппаи Самақандӣ ба самти деҳаи Хокалӣ, суръати нақлиётро баланд намуда, аз ӯҳдаи идораи он набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст, Дар натиҷа, ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар маҳали ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Сарчашмаи хабар ҳамчунин афзуд, ки худи ҳамон рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи «Матиз», Сафия Исматоваи 60- сола, сокини кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе, аснои ҳаракат аз тарафи пойтахт ба самти шаҳри Қӯрғонтеппа бехатарии ҳаракатро риоя накарда, ба канори роҳ баромада чаппа шудааст. Зимнан, дар ин сониҳа низ ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, фавтидааст.