ҲНИТ дар Суғд: «Эҳтирому амал ба арзишҳои волои исломӣ аз сӯзонидани сафоратҳо беҳтар аст»
Раёсати шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд бо пахши изҳороте таҳиякунандагон ва пуштибонҳои филмеро, ки дар он нисбат ба Паёмбари акрам (с) таҳқиру таҳвин раво дида шудааст, котеъона маҳкум кард.
Дар изҳороти мазкур аз ҷумла гуфта мешавад: «Филми мазкур ва карикатураҳо ба Муҳаммад (с) барои эҷод кардани дасиса, фитна ва ноамнӣ байни мардуми мусалмон тарҳрезӣ шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки болоравии нуфузи дини мубини ислом дар аксарияти давлатҳо баъзе муғризон ва тангназаронро хеле нороҳат кардааст».
Дар изҳороти Раёсати шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд ҳамчунин омадааст, ки «мусалмононро дар ин марҳала даъват бар он мекунем, ки ҳамхулқи пайғамбар бошанд ва аз суннатҳои ӯ пайравӣ карда, ибодаташонро дар ин дин зиёд кунанд. Тазоҳуротҳое, ки ба гуфтаҳои Пайғомбар пайравӣ намекунад, суде намебахшад, ҳамон инсон дифоъ мекунад, ки суннатҳои ҳазратро дар зиндагиаш пиёда карда бошад. Худо накунад, ки тазоҳурот кунему аз суннати Пайғомар (с) ва таълими дин дур бошем, бояд, ки дифои мо бо рӯҳияи исломӣ ва бо эҳтирому амал ба арзишҳои волои исломӣ бошад, ин баҳтар аст аз сӯзонидани сафоратҳо ва эҷоди ошӯбу бесуботиҳо»
Раёсати вилоятии ҲНИТ аз кишварҳои зидахл ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал овардааст, ки аз аъмоли шаниъ пешгирӣ карда ва муҷримони фитнаангезро ба ҷавобгарӣ бикашанд. Ёдовар мешавем, аз ин пеш дафтари марказии ҲНИТ ҳам бо пахши изҳороте филми «Бегуноҳии мусалмон»-ро шадидан маҳкум карда буд.