Ба яғмо бурдани пулҳои сефи корхонаи ҶДММ «Мелодиён»
Пулҳои сефи корхонаи ҶДММ «Мелодиён»-ро роҳзанҳо ба яғмо бурданд. Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар ин бора ба мақомоти ВКД- и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Машҳур Алиеви 21 сола, сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт, корманди корхонаи мазкур муроҷиат намудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 23-уми сентябри соли равон соати 22:30-дақиқа шахсони номаълум бо тариқи зӯроварӣ ва истифодаи корд вориди корхонаи ҶДММ «Мелодиён» шуда, аз дохили сейф 2 746 сомонӣ пули нақдро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғон: Умед Пирови 17 сола, сокини кӯчаи Менжинский, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумии №31 ва Мустафо Акрамови 16 сола, сокини кӯчаи Деповская, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумии №55 содир намудаанд.
Феълан аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони роҳзанӣ Умед Пиров дастгир гардида, барои дастгир кардани Мустафо Акрамов чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад,-афзуд сарчашмаи хабар.