Тибқи иттилои Кумитаи омори Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми маоши миёна дар қатори 9 кишвари ин созмон аз ҳама охир меистад. Аз ҷумла дар Қирғизистон маош миёна дар моҳи январи соли ҷорӣ нисбат ба Тоҷикистон ду маротиба зиёдтар, - 9,7 ҳазор сом ё 208 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Кумитаи омори ИДМ дар ҳудуди созмон маоши баландтаринро дар аввали соли ҷорӣ дар Русия ба қайд гирифтаст, ки баробари 23,8 ҳазор рубли русӣ ё 801 доллари амрикоӣ аст. Дар зинаи дуюм Қазоқистон қарор дорад, ки маоши миёна моҳи феврал дар ин кишвар баробари 92,2 ҳазор тенге ё 625 доллари амрикоӣ мебошад. Рӯйхати сегонаи пешсафтарин бо Озарбойҷон хотима меёбад, ки маоши миёнаи кормандон дар ин кишвар 368 манат ё 469 доллари амрикоиро ташкил менамояд.
Ҷои чорумро аз рӯи ҳаҷми маоши миёна Белорусия, бо нишондоди 360 доллар соҳиб шудаст. Дар пайи он Украина -339 доллар, сипас Арманистон 268 доллар ва баъдан Молдова бо маоши миёнаи 268 доллари амрикоӣ қарор гирифтаанд. Камтарин нишондод дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаст, ки баробари 115 доллари амрикоӣ аст.