Бозингарони тоҷик дар бозии ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи Футболи Осиё – 2012, ки бо дастаи «Ал-Аммарӣ»-и Фаластин қувваозмоӣ менамуданд, ғолиб омаданд.
Ин бозӣ шоми дирӯз дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон «Ал-Аммарӣ»-и Фаластинро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дода.
Дар ин мусобиқа Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон,
инчунин беш аз 19 ҳазор ҳаводорони футбол ширкат намуданд.