«Дизайн Душанбе-2012: Олами занони коргар» дар Душанбе
«Дизайн Душанбе-2012: Олами занони коргар». Таҳти ҳамин унвон шоми дирӯз, 30-юми сентябр дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» намоиши муд баргузор шуд.
Дар қисми аввали намоиш 10 тароҳи ҷавон бо маҷмӯи либосҳои худ баромад намуд, ки 6 нафари онҳо аз Душанбе ва 4 тани дигар аз шаҳри Хуҷанд буд. Аз ин бонувон 8 тоаш донишҷӯ буда, дар озмунҳои Донишгоҳҳо ғолибиятро ба даст овардаанд.
Дар кисми дуюми чорабинӣ намоиши либосҳои 4 тарроҳи ботаҷриба, ки алакай тиҷорати худро дар Душанбе ба рох мондаанд, сурат пазируфт.
Мередин Пурвз, ташкилотчии лоиҳаи «Намоиши муд дар Душанбе» гуфт, онҳо аз ин намоиш ба маблағи беш аз 30 000 сомонӣ фоида ба даст овардаанд. Ӯ афзуд: «Фоидаи ин чорабинӣ миёни 4 тарроҳи ботаҷриба барои фаъолияти ояндаашон тақсим мешавад».
Тарроҳи ҷавон Замира Эрматова аз шаҳри Хуҷанд, ки дар чанд озмунҳои байниноҳиявӣ ғолиб шудааст ва моҳи ноябр дар намоиши муд ба шаҳри Милан сафар менамояд гуфт: «Ман аз хӯрди орзу мекардам, ки дузандаи машҳур шавам. Ҳамаи кушишҳои ман барои ҳамин аст. Дар солҳои 2008 ва 2010 дар озмуни «Атлас» дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда ҷои аввалро ишғол намудам. Дар Милан мехоҳам либосҳои тоҷикиро ба намоиш гузорам».
Ба гуфтаи ташкилкунандагони чорабинӣ, мақсади асосии баргузории намоиши муд «Дизайн Душанбе-2012: Олами занони коргар» муаррифии қобилияти тарроҳии занони тоҷик мебошад.