Дар ин бора ба Озодагон аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Имрўз, 4-уми октябр соати 11:00 дар толори маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Иттиоот ва муошират»-и Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон брифинг барои намояндагони васоити ахбори омма оид ба сафари расмии Владимир Путин, райисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон доир мегардад.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, барои иштирок дар брифинг намояндагони ВАО, ки қаблан дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои инъикоси сафари расмии президенти Русия сабти ном шуда буданд, даъват мешаванд.