Рустами Эмомалӣ, сарпарасти дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ба тими футболи «Равшан»-и Кӯлоб як автобус тақдим кунад.
Гуфта мешавад, ин иқдоми Рустами Эмомалӣ ба он хотир аст, ки тими «Равшан» мухлисон ва ҳаводорони зиёд дорад. Дар чанд моҳи ахир дастаи «Равшан» бо доштани мухлисони зиёдаш бештар дар сархати расонаҳои хабарӣ ҷой гирифта, алъон ин даста яке аз пешсафони сабқати имсола аст.Маврид ба тазаккур аст, ки соати 17:00-и имрӯз ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи Кӯлоб дидори навбатии дастаҳои «Равшан» ва «Истиқлол» баргузор мешавад. Интизор меравад ин бозиро зиёда аз 20 000 мухлис тамошо кунанд. Хабарнигори минтақавии «Озодагон» мегӯяд, аллакай 5 нақлиёти мусофиркаши тамғаи «ГАЗел» аз ноҳияи Шӯрообод мухлисонро ба Кӯлоб овардааст. Ҳамчунин, барои тамошои ин бозӣ аз ноҳияҳои Ховалингу Мӯъминобод, Фархору Ҳамадонӣ ва Данғараву Восеъ низ хоҳанд омад. Қисми зиёди милисаҳои вилояти Хатлон барои таъмини амният ба шаҳри Кулоб сафарбар шудаанд. 100 корманди ҳифзи ҳуқуқи дигар аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ ҳоло дар шаҳри Кӯлобанд. Тибқи иттилои расида барои бозигарони ҳар ду даста мардуми Кӯлоб тӯҳфаҳо омода кардаанд, ки иборат аз ҷомаву тоқӣ ва дигар дастдӯзиҳост. Ин тӯҳфаҳо қарор аст қабл аз оғози бозӣ ба бозингарон тақдим шаванд.Ҳамчунин, ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои Рустами Эмомалӣ, ки айни замон дар Кӯлоб қарор дошта интизор меравад дар бозӣ бевосита ширкат намояд, ҷомаю тоқии хотиравӣ тақдим мекунад. Як зани кӯлобӣ ҳам тоқие дӯхтааст, ки дар шерозаи он Рустами Эмомалӣ наққошӣ шудааст.Ёдрас менамоем, бозии нахустини ин ду даста дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:0 бар нафъи «Истиқлол» поён ёфта буд.