71 000 доллари хонуми 52 соларо ба яғмо бурданд
Қаҳрамон Раҳмонови 31 сола, сокини кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт бо гумони қаллобӣ боздошт гардид.
Маҳмадулло Асадуллоев, масъули дафтари матбуотии ВКД хабар дод, ки дастгиршуда 2-юми июли соли равон бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Хосият Давлатоваи 52 сола, сокини кӯчаи Гипроземи пойтахт даромада, барои тиҷорат аз ӯ 71 000 доллар гирифта, то ҳол барнагардонидааст.