Шӯрои МН: Доираи салоҳияти мақомот ва шахсони ваколатдор васеъ мегардад
Таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар дар нишаст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» муҳокима шуд. Раиси кумита оид ба масъалаҳои агарарӣ ва экология Саиди Ёқубзод вобаста ба ин масъала суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» дар таҳрири нав бо мақсади такмил додани қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мутобиқ сохтани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон» ва қонунгузории байналмилалӣ таҳия гардидааст.
Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҷиҳати иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», ки бо фармони президент аз 3 январи соли 2011 тасдиқ ва бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия карда шудааст, баррасӣ намуданд. Таъкид шуд, ки лоиҳаи Кодекси мазкур дар заминаи қисми мурофиавии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фаслҳои 3 ва 4) таҳия гардида, вобаста ба масъалаҳои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода шудаанд.
Зимнан, тазаккур дода шуд, ки тибқи лоиҳаи ин Кодекс, доираи мақомот ва шахсони ваколатдор васеъ гардида, дар баробари ин ваколати онҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва субъектҳои соҳибкорию хоҷагидорӣ мушаххас ва соддаю шаффоф гардонида шудааст.Дар лоиҳа тартиби ба истеҳсол қабул намудани парванда барои пешбурд, тартиби баррасӣ, шикоят намудан ба мақомоти болоӣ ва ё шахсони мансабдори болоӣ, аз ҷумла ба коллегияҳои судии судҳои болоӣ аз боли қарорҳои қабулгадида, тартиби иҷрои санадҳои қабулгардида ва дигар масъалаҳо ба таври васеъ дақиқу мушаххас пешбинӣ карда шудаанд.
Тибқи лоиҳаи нав, таҷрибаи солҳои тӯлонӣ ба баррасии такрорӣ ба судҳо ва мақомотҳои поёнӣ ирсол намудани парвандаҳо аз байн рафта, масъулияти судҳо ва мақомотҳои дигари давлатӣ зимни қабули санадҳо баланд гардида, такроран гузаронидани мурофиаҳои судӣ ва даъват намудани иштирокчиёни мурофиа низ кам мегардад.