Ҳусейни Фаттоҳӣ, як нависандаи эронӣ аз бознависии маҷмуаи 30 ҷилдии матнҳои куҳани эронӣ дар ояндаи наздик хабар дод.
Вай дар мусоҳиба бо хабаргузории "Форс" гуфтааст, ки қасд дорем дар ин тарҳ бо бозофаринии соддаю равон кӯдакону навҷавононро бо осори классик ва мондагори адабиёти форсӣ ошно кунем.Бинобарин саъй шуда, касоне интихоб шаванд, ки бо забон, фазо ва зеҳни кӯдак ошноӣ дошта бошанд, то баргардоне,ки аз осор сурат мегирад,мутаносиб бо забони кӯдакони имрӯз бошад.
Ба гуфтаи ин нависанда, то кунун 10 маҷмӯаи фохири адабиёти форсӣ шомили "Бӯстон"-и Саъдӣ, "Маснавии маънавӣ", "Қобуснома", "Марзбоннома", "Калила ва Димна", "Ҳазору як шаб", " Ҳафт авранг" ... бознависӣ шуда ва омодаи чоп мебошанд. Қарор аст, дар ояндаи наздик "Баҳористон"-и Ҷомӣ,"Таърихи Байҳақӣ", "Гаршоспнома", "Илоҳинома", "Мантиқ- ут- тайр", "Мусибатнома"...бо ҳамкории беҳтарин нависандагону пажӯҳишгарон бознависӣ шаванд.