Дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Истаравшан»-и Истаравшан низ бозиро мусовӣ анҷом доданд, ҳисоб дар ин мусобиқа 1:1 буд.Чор бозии дигари даври 19-ум имрӯз, 9-уми октябр баргузор мешавад. Ин навбат дастаҳои «Гвардия»-«Энергетик», «Регар-ТадАз»-«Зарафшон», ССКА «Помир»-«Истиқлол» ва «Хуҷанд»-«Ҳосилот» бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.
Феълан, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки 16 бозӣ кардааст, бо 41 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. «Равшан»-и Кӯлоб, ки аз 17 бозӣ 41 хол ба даст овардааст, бо назардошти таносуби тӯбҳо мақоми дуюмро касб кардааст. «Хайр»-и Ваҳдат 17 бозӣ карда, бо 33 имтиёз дар ҷойи сеюм аст. «Истиқлол»-и Душанбе бошад, 13 бозӣ анҷом дода, бо 29 имтиёз дар зинаи чорум қарор дорад.