Холов шавҳари апаашро ба қатл расонид. Дар ҷануби кишвар
Шоҳрух Холови 24-сола, сокини ноҳияи Восеъ бо гумони даст доштанаш дар куштори одам боздошт гардид.
Тибқи иттилои ВКД, номбурда шаби 7-ум ба 8-уми октябри соли равон ба манзили истиқоматии аппааш Ҳуринисо Холова, сокини кӯчаи Крупская омада, бе ягон асос шавҳари аппааш- Абдуқодир Нурови 44-соларо бо корд якчанд маротиба мезанад.Дар натиҷа, Абдуқодир Нуров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Феълан, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.