Зимнан, прокуратураи генералӣ дар робита ба ин ҳодиса, бо се банди Кодекси Ҷиноӣ, яъне вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор, хунукназарӣ ва тахрибкорӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Муфаттишони додситонӣ фарзияҳои оташсӯзӣ бар асари расиши ноқилҳои барқӣ, истифодаи таҷҳизоти барқӣ ва газиро истисно кардаанд.
Маврид ба ёдоварист, рӯзи 5-уми сентябри соли равон, бар асари оташсӯзӣ дар қисмати яклухтфурушии бозори “Корвон”, ҳудуди 8 ҳазор метри мураббаъи бозор ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд шуд. Дар ин ҳодиса як нафар ҳалок ва чор каси дигар захмӣ шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон мегуяд, ки Бонки Миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ мӯҳлати бозпасгардонии маблағҳои қарзии 700 нафар соҳибкорро тамдид кардаанд. Инчунин маъмурияти бозори “Корвон” 2550 адад нуқтаи савдоро барқарор карда ва ба соҳибкорон супурдааст.
Дар ҳамин ҳол, додситонӣ иттилоъ додааст, ки тафтиши қазияи сӯхтори бозори «Корвон» то ҳанӯз анҷом наёфтааст ва он чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард.