Дар доираи фаъолияти истгоҳҳои иртиботии бесими нави оператор иншооти стратегӣ – терминали гумруки Тоҷикистону Чин ва посбонгоҳҳои сарҳадӣ ҷойгир шудааст. Ба ҳамин тариқ, алоқаи босифат ва боэътимод барои таъмини бехатарии кишвар мусоидат мекунад.
-Вазифаи аслии мо, кулли аҳолии Тоҷикистонро бо алоқаи мобилии боэътимод таъмин намудан аст, бо ин мақсад мо барои вусъати шабака воситаҳои муҳимро маблағгузорӣ мекунем,- мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон Андрей Шишковский.
Маврид ба ёдоварист, танҳо дар моҳи сентябри соли ҷорӣ «МегаФон-Тоҷикистон» 10 истгоҳи нави базавиро дар ноҳияҳои дурдасти кишвар ба истифода додааст.