Ин хабаргузории русӣ аз табибони пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон хостааст, ки ба Искандари Фирӯз, хабарнигори шабакаи Би-Би-Си, ки ҳамчунин бо оҷонсии мазкур ҳамкорӣ дорад, кӯмаки тиббӣ расонанд.
Ба навиштаи Regnum, 12-уми октябр наздикони Искандари Фирӯз гуфтаанд, ки шаби гузашта дастгоҳе, ки ҳолати шушро ба таври сунъӣ идора мекард, аз кор мондааст. Хабаргузорӣ гуфтааст, Хадамоти тиббии пойгоҳи 201-и Русия чунин дастгоҳро дар ихтиёр дорад. Онҳо хостаанд, ки дастгоҳи мазкур ба беморхонаи Қарияи Боло дода шавад, то сиҳатии журналист ҳифз шавад.
«Озодӣ» аз нақли масъулини бемористони Қаряи Боло гуфтааст, дастгоҳ фаъол шуда ва ниёз ба кӯмаки Хадамоти тиббии пойгоҳи 201 боқӣ намондааст.
Ёдовар мешавем, шоми 9-уми октябр мошини «Тойота Камри»-и Искандари Фирӯз, ки писараш Ҷавоншер онро меронд дар наздикии Боғи ҳайвонот ба садама дучор шуд. Тибқи иттилои расида, автомошинаи тамғаи «Ландкрузер», ки аз самти муқобил бо суръати беш аз 100 километр дар як соат ҳаракат мекард, ба мошини онҳо бархӯрдааст.