Ин навбат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Суҳроб Сафарови 37 сола, сокини деҳаи Зафари ноҳияи Рӯдакиро дастгир намудаанд.
Маҳмадулло Асадуллоев, масъули дафтари матбуоти ВКД ба Озодагон хабар дод, ки номбурда 31-уми июли соли 2008 дар ҳудуди деҳаи Гиждалобод бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Саймумин Мирзоеви 37 сола, сокини ҳамин русто даромада, аз ӯ барои тиҷорат 27 000 доллари амрикоӣ гирифта, барнагардондааст.
«Нисбати ин қазия парванда боз шуда, тафтишот идома дорад»,-афзуд манбаъ.