Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор шуд, медали тило ба даст овард.
Ин сабқат бо ширкати варзишгарони 27 кишвар ҷараён гирифт. Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило миёни ҷавонон мақоми аввалро касб намуд. Ӯ дар даври ниҳоӣ Аитбек Аибол, паҳлавони қазоқистониро шикаст дод.
Намояндаҳои дигари Тоҷикистон- Қиёмиддин Авазов дар вазни то 52 кило ва Умархон Баҳодуров дар вазни то 65 кило медали биринҷии мусобиқаро ба худ ихтисос доданд.