Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Дэмион Поттер роҳбари шӯъбаи тиҷорати Департаменти савдо ва сармоягузории Британияи Кабир дар Русия ва сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон ҷаноби Робин Орд-Смит мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба Озодагон иттилоъ доданд, аснои мулоқот Умед Давлатзод ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ширкатҳои ҳарду кишвар дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоду молия ибрози назар намуда, ба меҳмонон аз муҳити сармоягузории ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои пешбинишуда маълумот дод.
Дар навбати худ ҷаноби Дэмион Поттер мақсади сафарашро баТоҷикистон шарҳ дода, қайд намуд, ки ҳадаф аз он шиносоӣ ба муҳит ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон барои сармоягузорони Британияи Кабир мебошад.
Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар соҳаҳои муҳими иқтисодию молиявӣ, ба мисли рушди фондҳои биржавӣ, аз ҷумла бозори такрории коғазҳои қимматбаҳо, ташкили ширкатҳои консалтингӣ, сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, истихроҷи маъдан ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.