Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ теъдоди 10 нафар кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии исломии Эрон сафарбар намуд.
Абдуғафор Солеҳов, масъули бахши фарҳангии кумитаи мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки қабл аз сафари ин гурӯҳ, масъулини Кумитаи имдод бо намояндагони кумитаи кор бо занон мулоқот намуда буданд: «Ҳадафи ин вохӯрӣ барои боз ҳам хубтар намудани кӯмакрасонӣ ба занони ниёзманду бепараст буд».
Бино ба иттилои манбаъ, гурӯҳи мазкур дар Эрон бояд аз тарзи омӯзиши корҳои хонагӣ, аз ҷумла қолинбофӣ дидан кунанд: « Баъди бозгашт ин корҳо барои пешрафти зиндагии мардуми тоҷик ба роҳ монда хоҳад шуд».