Ҳудуди ҳазор оила дар Тоҷикистон ба таври ихтиёрӣ тағйири ҷойи зист карда, бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин гардиданд.
Тавре ба Озодагон аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират хабар доданд, дар самти муҳоҷирати дохилӣ дар нӯҳмоҳи соли равон тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2009, №530 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012», ба ҷои дигар кӯҷонида шуданд.
Манбаъ илова намуд, ки аҳлу оилаи ин қабил муҳоҷирони дохилӣ аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ба мавзеи Лахш кӯчонида шуданд. Ҳамчунин як қисми дигарашро аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба шаҳри Турсунзода кӯчониданд. Ба иттилои манбаъ, ба ҳамаи оилаҳои кӯчонидашуда аз ҳисоби буҷети давлат кӯмакпулии яквақта ва қарзи имтиёзнок барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дода шудааст.