Ширкати Шӯрои ВАО дар конференсияи Иттиҳоди ташкилотҳои худтанзимкунии журналистии Аврупо
Дар шаҳри Антверпени Белгия нишасти 14-уми Иттиҳоди ташкилотҳои худтанзимкунии журналистии Аврупо ҷараён дорад.
Тавре ба Озодагон аз дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон хабар доданд, дар кори он роҳбарону намояндагони ташкилотҳои машғули худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ аз 35 кишвари олам иштирок дошта, масоили марбут ба риояи меъёрҳои касбиву ахлоқиро баррасӣ мекунанд.
Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, дар рӯзи аввали ин ҳамоиш фаъолияти ин ниҳодро дар Тоҷикистон натиҷагирӣ намуда, изҳор дошт, ки риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Точикистон заминаро барои рушди бештари соҳа фароҳам овардааст.
Бо ишора ба нақши муҳими ниҳоди худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ аз нақши Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ёдовари шуд.
Инчунин раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатхои Олмон, Ҳолланд, Швейсария, Каталония, Озарбойҷон, Украина, Молдова, Гурҷистон ва Федератсияи Русия перомуни табодули таҷриба ва рушди зиёдтари ҳамкориҳои барои тарафҳо судманд силсилаи вохӯриҳоро анҷом дод.
Тоҷикистонро дар ин конференсияи байналмилалӣ инчунин узви Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Мухтори Боқизода ва дабири кулли он Хилватшоҳи Маҳмуд намояндагӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати мазкур инчунин дар доираи ин сафар аз шаҳри Берлини Олмон боздид намуда, бо фаъолияти Шӯрои матбуотии Олмон ошно хоҳанд шуд.