«Тоҷик-Эйр» акнун ба Дубай парвоз мекунад
Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» хатсайри нави худро ба самти Аморати муттаҳидаи Араб боз мекунад.
Лола Кенҷаева, сардори хадамоти матбуотии ширкати мазкур бо тайиди ин хабар ба Озодагон гуфт, ки аввалин парвоз тариқи хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе 29-уми октябр анҷом хоҳад шуд.
«Парвозҳо ба ин хатсайр дар як ҳафта ду маротиба- рӯзҳои душанбе ва ҷумъа дар ҳавопаймои «Боинг 737-500» сурат мегирад»,-афзуд манбаъ.
Маблағи чипта 200 евро муқарар шудааст.