Генерал Фрейзер ба Душанбе омад
Уилям Фрейзер, фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико, шоми 21-уми октябр бо як сафари корӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Тибқи хабарҳои расида вай бо Шералишо Мирзо, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, масоили таҳкими марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро баррасӣ намудааст. Дар дидор бо Рамил Нодиров, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон масоили амнияту субот дар минтақа баҳс кардаанд.
Ин сафари севуми генерал Уилям Фрейзер, фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико, дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аст. Вай моҳҳои феврал ва майи соли равон низ аз Тоҷикистон боздид карда буд.