Тавре аз Вазорати корҳои дохила ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, рӯзи гузашта, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Муҳаммадӣ Каримзодаи 21 сола, сокини деҳаи Такназари ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳия ба тарафи шаҳри Ваҳдат дар километри 21,200-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи «Мерседе-Бенс» таҳти идораи ронанда Раҳматулло Сангов, сокини деҳаи Фатҳободи ҳамин ноҳия бар хӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Муҳаммадӣ Каримзода ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ афзӯд, Меҳриддин Каримов, мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.