СММ мехоҳад нерӯҳои сулҳхохашро ба Сурия фиристад
СММ изҳор дошт, омодаи ирсоли нерӯҳои сулҳхоҳ ба Сурия аст.
Эрве Ладсу, муовини дабири кулли СММ дар умури амалиётҳои сулҳовар ба хабарнигорон гуфтааст, ки ирсоли нерӯҳо дар ҳоле имконпазир мешавад, ки агар ҷонибҳои даргир оташбасро риоя намоянд.
Қалан эълон шуд, ки ҳукумати Башор Асад ва мухолифонаш дар мавриди оташбас дар рӯзи Иди Қурбон ба тавофуқ расидаанд.
Эрве Ладсу гуфтааст, ба маълумоти ӯ ҳамарӯза дар Сурия бар асари задухӯрдҳои мусаллаҳона наздики 200 сокини осоишта мефавтад.