Монеъ шудан ба фурӯши тифл сабаби ҳалокати зани 30 сола шуд
Дар музофоти Ҳироти Афғонистон мардеро бо иттиҳоми қатли ҳамсараш боздошт кардаанд.
Тибқи иттилои расида марди дастгиршуда Анвар ном дошта, гумон меравад, завҷаи 30 солаашро, ки корманди як ташкилоти ғайриҳукуматӣ буд, куштааст. Бино ба иттилои пулис Анвар баъди низоъ бо ҳамсараш дар назди волидон ба бадани Қулсум ҳашт корд задааст.
Дар сӯҳбат ба хабарнигорон волидони Қулсум гуфтаанд, ки шавҳари духтарашон нашъаманд буд ва ахиран тасмим дошт, духтарчаи ҳафтсолаи худро бифурӯшад. Зан кӯдакро дар хонаи волидонаш пинҳон мекунад ва ҳамин сабаби низои онҳо мегардад. Модари Қулсум гуфтааст, ӯ тавони монеъ шудан ба ҷинояти домодашро надошт.
Волидони Қулсум тақозо доранд, ки Анвар мувофиқи қавонини шариат ҷазо бигирад. Тибқи қонунгузории Афғонистон дар чунин ҳолатҳо қотилро ҳукми қатл интизор аст.
Мавриди тазаккур аст, тайи ду ҳафтаи охир ин дувумин ҳодисаи куштори занҳо дар музофоти Ҳирот мебошад. Қаблан, аз боздошти чор нафар хабар расид, ки барои саркашии як хонум аз танфурӯшӣ ӯро сар буриданд.