«Истиқлол» ҷойи «Хайр»-ро гирифт
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар тими «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби бузурги 10:1 дастболо шуд ва дар ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ дар мақоми сеюм нишаст.
Ин бозии мавқуфгузоштаи даври 15-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сурат гирифт. Баъди ин пирӯзӣ шумори холҳои «Истиқлол»-и Душанбе ба 39 расид ва ҷои «Хайр»-и Ваҳдатро танг кард. Феъланд, дар ҷадвали мусобиқа «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо 48 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. «Равшан»-и Кӯлоб 47 хол дорад ва дар зинаи дуюм нишастааст.
Нишонзанони беҳтарин сабқат инҳоянд: Дилшод Восиев («Истиқлол») 18 гол, Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ») 16 гол, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ») 14 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик») 11 гол.
Торнамои ФФТ навиштааст, ки даври 22-юми сабқат 25-27-28-уми октябр баргузор мегардад. «Хайр» - «Энергетик» рӯзи 25-ум вориди сабқат мешаванд. «Регар-ТадАЗ» - «Вахш», «Истиқлол» - «Гвардия» 27-ум ва «Ҳосилот» - «Равшан», «Хуҷанд» - ССКА «Помир» 28-уми октябр рақобат хоҳанд кард. Оғози ҳамаи бозиҳо соати 15:00.