Сафармурод Ниёзов, райисҷумҳури собиқи Туркманистон фармони авфро дар як сол як маротиба - дар арафаи Иди Рамазон содир мекард. Аммо Бердимуҳамедов дар 12 моҳ бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ чандин маротиба маҳбусонро авф кард.
Маврид ба зикр аст, Туркманистон 27-уми октябр аз ҷашни истиқлолияти худ таҷлил мекунад.