Эй дар андомат фари Садри Зиё, Эй ба xонат оташи поки ниё. Хоксоре омада аз кибриё, Омадӣ, дар синаи мо дил шавӣ.
Аз Бухоро корвон овардаӣ,
Безабононро забон овардаӣ.
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён овардаӣ,
Омадӣ, уммеди ҳар бисмил шавӣ.
Корвонат пур зи ганҷи порсӣ,
Вожаҳои ширабанди порсӣ.
Гавҳари шеъри баланди порсӣ,
Роҳпаймои ҳама манзил шавӣ.
Дар ту некӯии олам васл шуд,
Васл чун пояндатар шуд, асл шуд.
Партаваш аз наслҳо бар насл шуд,
Эй ки аз Садри Зиё нозил шавӣ.
Нуктае баргӯй аз асрори ҳақ,
Ишқро тафсир кун дар поварақ.
Омадӣ, эй ҷону дил, ҳамчун шафақ,
Нурбахши нақши обу гил шавӣ.
Фарзонаи ХУҶАНДӣ