Ҳамойиши зидди шиканҷа дар Женева. Тоҷикистон низ ширкат мекунад
Имрӯз, 29-уми октябр дар Женева нишасти 49-уми Кумитаи СММ зидди шиканҷа оғоз мешавад.
Тавре иттилоъ дода мешавад, дар ин ҳамойиш ҷониби Тоҷикистон низ ширкат ва гузориш мекунад.Намояндагони ҷумҳурии мо бояд ба чанд суоли ҳозирин ва дар мавриди он ки дар чанд соли гузашта барои решакан кардани шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба маҳбусону боздоштшудагон чӣ корҳоеро анҷом додааст, ҷавоб бигӯяд. Маврид ба тазаккур аст, ки Тоҷикистон дар баробари 8 кишвари дигар дар бораи талошҳояш барои қатъи шиканҷа гузориш хоҳад дод. Навбати Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр мерасад. Аз ҷумлаи онҳое ки барои посух додан ба суолҳои намояндагони Созмони Милал ба Женева меоянд,Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон, Зафар Азизов, раиси Шӯрои Адлия ва Нурулло Орипов, муовини аввали вазири умури дохилаи Тоҷикистон ҳастанд.
Нишасти мазкур дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар матбуоти Тоҷикистон масъалаи зулму шиканҷа ба зиндониёну боздоштшудагон тақрибан ҳар ҳафта баррасӣ мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин Созмони Милал низ гуфтаанд, ки маъмурони интизомӣ зимни тафтиши қазияе, барои ҳосил кардани эътироф ба гуноҳе, аксар вақт боздоштшудагонро азобу шиканҷа медиҳанд.