Вазни гӯсфанд дар Истаравшан 140 килоро ташкил медиҳад
Пас аз кушодани нақби Шаҳристон (27-уми октябр) Эмомомали Раҳмон ба шаҳри Истаравшан, ба хоҷагии деҳқонии Иқбол ташриф овард.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, нимаи дуюми рӯз президент бо кори аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии Иқболи ҷамоати деҳоти Чорбоғ шинос шуд.Чунонки аён гардид, деҳқонони ин хоҷагӣ дар кори чорводорӣ, бахусус парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ таҷрибаи хуб касб намудаанд. Вазни зиндаи гӯсфандони ин хоҷагӣ то ба 140 кг мерасад.
Гуфта мешавад, хоҷагӣ 21,5 га замини корам дар ихтиёр дорад, ки аз он 5,8 гектараш обӣ мебошад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар парвариши картошка, пиёз, сабзӣ, дигар навъҳои сабзавоту полезӣ ва лӯбиёгиҳо ва ҳам ғаллакорӣтаҷрибаи ибратбахш доранд.
Деҳқонони заркори ин хоҷагӣ кишти такрории зироатҳоро васеъ ба роҳ монда, аз заминҳои обӣ ду ва зиёда ҳосили фаровон ба даст меоранд.