Кордзанӣ дар шимоли Тоҷикистон. Дар Чкалов
Дар ин бора ба Озодагон дар РКД-и вилотяи Суғд иттилоъ доданд.
Бино ба иттилоъи расида, аснои баргузории як амалиёти вижаи фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони милиса дар робита ба ин қазия чанд нафар боздошт гардида, алъон тафтиши қазия идома дорад.
Ҳамин тавр, Фатҳуллоев Шерзод Асроровичи 20-сола ва Бахтиёри Асадулло, сокинони ш.Душанбе, к.Зарафшон бо гумони авбошӣ дастгир карда шудаанд. Онҳо рӯзи 27-уми октябри соли равон, тахминан соати 21:00 дақиқа дар назди мағозаи «Чорроҳа», воқеъ дар к.Пушкини ш.Чкалов бо шаҳрвандон Ақризбобеков Мубориз ва Нарзуллоев Расул ҷангу ҷанҷол намуда,нафарони баъдиро захмдор кардаанд.